Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина зимни нишасти матбуотии муштарак бо Эммануэл Макрон, президенти Фаронса аз изҳороти ҳамтои русиягияш зикр карда, тавзеҳ дод, ки бо чӣ розисту бо чӣ не.
Зеленский изҳор дошт, ки бо президенти Русия розист, ки Украина воқеан зебост, аммо норозиягияшро бо ҷонишини "ман" баён дошт. Дар маҷмуъ изҳор дошт, ки Украина хеле ботаҳаммул мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки Путин зимни нишасти матбуотӣ баъди музокироташ бо Макрон дар шаҳри Маскав изҳор дошт, ки мақомоти Украина борҳо зидди созишномаи Минск баромад карда, ҳатто таъкид намуданд, ки иҷрои он ба пошхӯрии кишвар меорад.
Путин зикр намуд, ки президенти Украина Зеленский ба ӯ гуфтаст, ҳич яке аз бандҳои созишномаи Минскро хуш надорад. "Хайр мақбул ҳаст ё не, сабр кун, зебои ман. Бояд иҷро кард", - изҳор дошт президенти Русия.
Маврид ба зикр аст, ки созишномаи Минск қатъи оташбас, қафо бурдани аслиҳаи вазнини ҷангӣ аз хатти баҳамоӣ ва гузарондани ислоҳоти конститутсиониро пешбинӣ мекунад.