Дар Тоҷикистон шабакаи нави телевизиони давлатӣ фаъол мешавад

Раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон гуфт, то Ҷашни Наврӯз дар кишвар шабакаи нави телевизионие фаъол хоҳад шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Нуриддини Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон гуфт, корҳо барои фаъолсозии шабакаи телевизионии "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" дар марҳилаи анҷомёбист.
Раиси Кумитаи телевизион зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, барои шабакаи ҷадид дастгоҳҳои муосири дорои дақиқияти баланд ворид гардида, ҳукумат аллакай дафтари кориро ба телевизиони ҷадид фароҳам кардаст.
Ба иттилои манбаъ, телевзизиони ҷадид дар бинои сеошёнаи пешини Пажуҳишгоҳи илмӣ - тадқиқотии Вазорати саноату технологияҳои ҷадид дар кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе ҷой мегирад.
Нуриддин Саид аз нақшаи кӯчондани манора ва идораи телевизионҳои Тоҷикистон гуфт
Ӯ изҳори боварӣ намуд, ки то ҷашни Наврӯз дар ҷумҳурӣ шабакаи "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" пурра фаъол хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки соли 2021 дар Тоҷикистон ду шабакаи давлатии нави телевизионӣ - "Илм ва табиат" ва "Шаҳнавоз" ифтитоҳ гардиданд.
Ба иттилои кумита, феълан дар ҷумҳурӣ 96 шабакаи давлатию хусусии телевизион ва студияҳои тавлиди маҳсулоти аудиовизуалӣ фаъолият доранд, ки 14 шабакаи телевизионӣ давлатӣ мебошанд.
Таъкид шудаст, ки инчунин дар кишвар 18 телевизиони хусусӣ, 14 телевизиони ноқилӣ, 22 радиои хусусӣ, 10 радиои давлаӣ ва 14 студияи истеҳсоли маҳсулоти аудивизиулӣ фаъолият доранд.