ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон Виктор Александрович Денисенко дидор кардааст.
Дар ин бора хадамоти матбуотии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки ин дидор бо хоҳиши сиёсатмадори беларусӣ сурат гирифтааст.
Рустами Эмомалӣ аввал Денисенкоро ба муносибати таъйин шудан ба вазифаи сафир дар Тоҷикистон муборакбод гуфтааст.
Сиёсатмадори тоҷик аз муносиботи миёни Тоҷикистон ва Беларус бо таваҷҷуҳ ба робитаҳои қавии сиёсӣ, иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва фарҳангӣ, изҳори қаноатмандӣ кардааст.
Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои рушди робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Беларусро дар сиғаи дуҷониба, инчунин дар доираи созмонҳои байниминтақаӣ ва байналмилалӣ баррасӣ кардаанд.
Манбаъ афзуда, ки дар баробари ин тарафҳо ба зарурати муҳокимаи вазъ ва дурнамои ҳамкории бисёрҷонибаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Шӯрои Маҷлиси миллии Беларус, инчунин дар доираи меъёрҳои ҳуқуқиву қонунгузорӣ тақвият додани натиҷаҳои назарраси бадастовардаи шохаҳои ҳокимияти иҷроияи ду кишвар таъкид карданд.