Лукашенко ҳаводиси январии Қазоқистонро ҳушдоре барои кишварҳои пасошӯравӣ гуфт

Александр Лукашенко мегӯяд, ҳодисаҳои Қазоқистон як занги ҳушдор барои Минск ва Маскав аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Беларус Александр Лукашенко гуфт, тазоҳурот дар Қазоқистон, ки моҳи январ сурат гирифт, боз як сигнали ҳушдор барои ин ҷумҳурӣ, Русия ва кишварҳои пасошӯравист.
Дар ин бора Александр Лукашенко дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Беларус изҳори назар кард.

"Хавфҳои нав пайваста ба миён меоянд ва рӯйдодҳои ахири Қазоқистон тасдиқи мустақими ин аст. Агар айнан гӯем, барои мо, Русия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ боз як сигнали ҳушдор аст", - гуфтааст Лукашенко.

Маврид ба зикр аст, ки эътирозоти оммавӣ дар Қазоқистон рӯзҳои аввали соли равон дар пасманзари ду баробар боло рафтани нархи газ сар зада, аз ҷумла шаҳри Алмаато, пойтахти пешинаи ин кишварро фаро гирифтанд. Дар посух роҳбарияти кишвар то 19 январ ҳолати фавқулодда эълон намуд, то тартиботу волоияти қонунро таъмин намояд.
Тоқаев сабаби аслии нооромиҳоро гуфт: Даромади элита зиёду аз аҳолӣ кам
Ба гузориши СММ, дар ҷараёни эътирозот дар Қазоқистон ҳудуди ҳазор нафар маҷруҳ гардиданд. Ба иттилои мақомоти умури дохилии Қазоқистон, 17 намояндаи мақомоти қудратӣ ба ҳалокат расида, беш аз 1,3 ҳазор нафар осеб дидаанд.
Раҳимзода: Тоҷикистон Қазоқистонро дар бораи террористон огаҳ карда буд