ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Оҷонсии ҳавосанҷии Тоҷикистон мегӯяд, аз 8 то 12 феврал дар ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ фаромадани тормеғ (туман) пешгӯӣ мешавад.
Ба иттилои ин ниҳод, аз 8 то 10-уми феврал дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шоҳроҳҳои Душанбе - Чанок, Душанбе - Лахш, Душанбе - Рашт, Душанбе - Сангвор, Ванҷ - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим - Мурғоб, Хоруғ — Ҷелондӣ яхбандӣ мешавад ва тарма мефарояд.
Дар ВМКБ ҳавои қисман абрнок, шабона бебориш, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳида баъзан барф меборад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9-14, дар баъзе ноҳияҳо то 15-20 дараҷа ва рӯзона 3-8 дараҷа хунук мешавад.
Дар шарқи вилоят шабона 18-23 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 24-29 дараҷа хунук, рӯзона 5-10 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 10-15 дараҷа хунук мешавад.
Сокинони Суғдро бошад, ҳавои қисман абрнок, бориши сусти борон (водиҳо) ва барфу (ноҳияҳои куҳӣ) фаромадани тормеғ (туман) интизор аст.
Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 7-12 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.
Хатлониёнро низ ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш интизор буда, дар ноҳияҳои алоҳидаи ин минтақа тормеғ (туман) мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 0-4 дараҷа, рӯзона 10-15 дараҷа гарм, дар доманакӯҳо шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок, дар водиҳо асосан бебориш шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ баъзан барф борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 6-11 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 8-13 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 2-7 дараҷа хунук мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои қисман абрнок шуда, дар нимаи рӯз бориши сусти борон ба амал омада, тормеғ (туман) мефарояд. Ҳаво шабона 0-2 дараҷа хунук, рӯзона 7-9 дараҷа гарм мешавад.