ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Дар ҳоли ҳозир мизони гирифторӣ ба омикрон хеле зиёд аст ва бисёре аз ҳолатҳои бенишони ин вирус, назоратро ғайриимкон мекунад ва дар натиҷа чунин чорае ба мисли карантин маънои худро гум мекунад, боварӣ дорад вирусолог.
"Сироятёбӣ идома дорад ва аз он ки як гурӯҳи хурд аз ин занҷир карантин карда мешавад, кам чизе тағйир хоҳад ёфт, мо ҳамаи одамонеро, ки сироятро паҳн мекунанд, намедонем. Шаклҳои бенишон ва сабук хеле зиёданд, ки бо он одамон ба пизишкон муроҷиат намекунанд", - мегӯяд пизишк.
Қаблан маълум шуд, ки дар Русия карантини ҳафтрӯзаро барои онҳое, ки бо беморони гирифтори коронавирус тамос гирифтаанд, лағв карданд.
Илова бар ин, дигар барои баромадан аз карантин супоридани санҷиши ПСР слозим нест.
Оё маҳдудиятҳо дигар лозим нестанд?
Вирусшиносон иддао доранд, ки бисёр маҳдудиятҳо аз сабаби COVID дар кишварҳои гуногун воқеан бардошта мешаванд ва ин ба вижагиҳои омикрон вобаста аст.
Он сабуктар мегузарад, боиси кам шудани ҳолатҳои вазнин ва шумораи зиёди ҳолатҳои сабуке, ки ба қайд гирифта нашудаанд, мешавад.
Чуноне дида мешавад, вирус дар кишварҳои гуногун паҳн шуда, хеле зуд ба авҷи худ мерасад ва пас аз он коҳиши тадриҷии пандемия оғоз меёбад.
Чунин паҳншавии босуръати вирус бо шумораи зиёди мутатсияҳо ҳамроҳӣ мекунад ва геноми вирус вайрон мешавад", - гуфт Алштейн дар суҳбат бо радиои Sputnik.