ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Бо оғози фасли баҳор дар Афғонистон ҷабҳаҳои муқовимат бо толибон ҳарчи бештар мешаванд.
Ахиран расонаҳои афғонистонӣ аз ташкили Ҷабҳаи миллии озодагони Афғонистон хабар доданд, ки ба сафи он занон низ пайвастаанд.
Аз наворе, ки Sputnik Афғонистон дар саҳифаи "Telegram"-и худ нашр кардааст, бармеояд, онҳо дар бораи ҳамалоти густурдаи зидди толибон сухан мегӯянд.
Ин ҷабҳа дар вилояти Каписои Афғонистон ба ҳамла шуруъ карданист. Онҳо толибонро дар куштори ҳамватанони бегуноҳашон муттаҳам мекунанд ва мубориза бо ононро фарз мехонанд.
"Мо то охирин қатраи хуни хеш аз иззат номус ва озодии Ватани хеш дифоъ хоҳем кард. Биёед, Ватанамонро аз вартаи ҳалокат наҷот диҳем", - мегӯянд сарбозони ин ҷабҳа.
Бо оғози фасли баҳор дар Афғонистон зидди толибҳо садоҳои бештар баланд мешавад.
Дар баробари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, ки таҳти раҳбарии писари Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд дар шимоли ин кишвар ва шаҳри Кобул фаъол аст, чанд қувваи дигар арзи вуҷуд кардааст.
Ба ин рӯйхат дастаҳои "Олимпур" ва "Сарбозони беноми Ҳазористон" низ дохил мешаванд.
Ахиран Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон низ аз оғози ҷанги густарда дар саросари кишвар алайҳи толибон эълон кард.
Дар навбати худ коршиноси умури Афғонистон Андрей Серенко таъкид кард, ки ҶММ ба амалиёти ҷангӣ омодагӣ мегирад ва барномаи сиёсиеро низ таҳия мекунад.
Толибон низ ба гунае омодагии муқовиматгаронро пай бурдаанд ва тибқи гузоришҳо, ба Панҷшер ва Андароб ҳазорон нерӯи вижа фиристодаанд.
Аммо Ҷабҳаи муқовимат мегӯяд, на дар як нуқта, балки аз чаҳор гӯшаи Афғонистон ҳамалотро болои толибон оғоз хоҳад кард.