Гулбиддин Ҳикматёр, яке аз чеҳраҳои зидди Масъуд ба Эрон рафт

Ҷониби Эрон низ сафари раҳбари Ҳизби исломии Афғонистонро низ таъйид кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Расонаҳои Афғонистон аз сафари Гулбиддин Ҳикматёр, раҳбари Ҳизби Исломӣ ба Эрон хабар доданд, ки гуфта мешавад, барои мулоқот бо мақомоти ин кишвар ба Теҳрон рафтааст.
Дафтари матбуотии Ҳикматёр низ ин хабарро таъйид карда гуфтааст, ки ӯ барои ҳамеша нарафтааст ва бармегардад.
Вазорати умури хориҷии Эрон низ сафари ӯро ба Теҳрон расман таъйид кард.
Саид Хатибзода, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар робита ба сафари Гулбиддин Ҳикматёр ба Теҳрон гуфт, сафари чеҳраҳои афғон ба Эрон нав нест ва Теҳрон пайваста мизбони чеҳраҳои мухталифи афғон аст.
Ӯ гуфтааст, ки "мо ҳамчунон пойгоҳе барои музокироти байни афғонҳо хоҳем буд".
Аммо дар бораи бо кӣ дидор кардани Ҳикматёр, ки аз ҷонибдорони сарсахти толибон аст, то кунун чизе гуфта нашудааст.
Ҳикматёр гуфтааст, кушодани дафтари муқовимат дар Тоҷикистонро ҷиддӣ бояд гирифт
Коршиносон ҳадс мезананд, ӯ аз номи толибон рафтааст, то бо мақомҳои эронӣ дар бораи вазъи сиёсии Афғонистон, ки бо фарорасии баҳор душвор пешгӯӣ мешавад, мулоқот кунад, то Ҷабҳаи муқовиматро дигарбора ба миз музокирот шинонанд.
Эрон тайи чанд моҳи ахир талош дорад, миёни толибон ва Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон миёнҷигарӣ кунад, ки дар ин хусус як дидори намояндагони ҷабҳа ва ин гурӯҳ барпо шуд, аммо бидуни натиҷа анҷом ёфт.
Оқои Ҳикматёр изҳор карда буд, ки ҳизби ӯ намехоҳад дар ҳукумати толибон ширкат кунад, аммо бидуни қайду шарт аз он ҳимоят мекунад.
Ӯ дар гузашта зидди муқовимати аввал буд ва ҳоло зидди муқовимати дувум аст ва аз толибон пуштибонӣ мекунад.
Қаблан ӯ гуфта буд, Худованд аз ҳукумате, ки бо ҷабҳа созиш мекунад, рӯй мегардонад ва ҳамзамон тими муқовиматро "кӯлобнишинон" унвон карда гуфт, боз кардани дафтарҳои муқовимат дар дигар кишварҳо, аз ҷумла дар Тоҷикистон ҷиддӣ гирифта шавад.
Ҳикматёр: Худованд аз ҳукумате, ки бо ҷабҳа созиш мекунад, рӯй мегардонад
Гулбиддин Ҳикматёр аз чеҳраҳои зиддитоҷиконӣ дар Афғонистон аст. Ӯ қаблан низ бо пуштибонӣ аз Покистон зидди Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари муқовимати аввал ва ҳукумати устод Бурҳониддин Раббонӣ меҷангид.
Ӯ баъди суқути қаблии Кобул ба Тоҷикистон фирор кард ва баъдан бо кумаки Душанбе ба Теҳрон рафт.
Ахиран сарвазири Покистон Имрон Хон низ иқрор шуд, ки Ҳикматёр дар муборизаҳо бар зидди Масъуд аз Покистон дастгирӣ меёфт.
Ҷабҳаи муқовимати милли Афғонистон бас аз суқути ҳукумати қаблии Афғонистон дар таърихи 15 август дар вилояти Панҷшер таҳти раҳбарии Аҳмад Масъуд, фарзанди Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд эълони мавҷудият кард.
То кунун ин ягона нерӯе аст, ки дар дохили Афғонистон бар зидди толибон мубориза мебарад.