Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд рафт

Сафари кории президент аз шаҳри Бӯстон оғоз гардидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 8 феврал ба шимоли кишвар, вилояти Суғд рафтааст.
Гуфта мешавад, дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар масъулон истиқбол гирифтаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, сафари кории Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар Ҷашни Садаи ниёгон, таъсиси боғу токзори нав, ифтитоҳи иншооти соҳаҳои маъмурӣ, иҷтимоӣ, корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, марказҳои фарҳангию фароғатӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинони касбу кори гуногун ба вилояти Суғд сурат гирифтааст.
Сафари кории раисҷумҳури кишвар ба ин вилоят аз шаҳри Бӯстон оғоз гардида, дар ин шаҳри саноатӣ нахуст Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли мехҳои печони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нуртез”-ро боз кардааст.
Сохтмони се корхонаи азим дар Бӯстон
Гуфта мешавад, корхонаи мазкур дар шаҳри Бӯстон аз ҷониби бародарон Акрамовҳо бо харҷи 15,3 миллион сомонӣ сохта шуда, дар ин ҷо зиёда аз 40 намуд мехи печон бо шаклу андозаҳои гуногун, ки дар бозори дохилӣ талабот ба он бештар аст, тавлид мешавад.
Истеҳсоли мехҳои печон аз тариқи муосиртарин хатҳои технологӣ, ки аз Чин дастрас ва васлу насб карда шудааст, сурат мегирад.
Дар корхона давоми як моҳ 300 тонна ва дар як сол 3600 тонна мехи печон истеҳсол карда мешавад, ки ба таъкиди мутахассисон, аз лиҳози сифат ва намуд ҷавобгӯи стандартҳои ҷаҳонӣ буда, дар бозор рақобатпазиранд.
Дар Тоҷикистон ин дуюмин корхона мебошад, ки истеҳсоли мехҳои печонро мутобиқ ба меъёру стандартҳои ҷаҳонӣ ба роҳ мондааст. Соли 2019 корхонаи якумро ҳам соҳибкорони шаҳри Бӯстон ба кор дароварда буданд.