Кумитаи дин: Ҷашну маросим зиёд шуду ҷаримабандӣ ҳам афзуд

Раиси Кумитаи дини Тоҷикистон аз риояи Қонун дар бораи маросимҳо дар кишвар ҳисобот дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон маблағи ҳаҷми пули ҷарима барои нақзи Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросими мардумӣ 3,1 миллион сомониро ташкил додааст.
Дар ин бора Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумии Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе хабар дод.
Ҷаримаҳо дар соли 2021 сурат гирифтаанд.

"Соли сипаришуда дар ҷумҳурӣ беш аз 123,3 ҳазор тӯй ва дигар расму оинҳои мардумӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар маҷмуъ ҷарима барои нақзи қонуни мазкур 3 миллиону 960 ҳазор сомониро ташкил додааст", - гуфт раиси кумита.

Ба гуфтаи вай, ин рақам нисбат ба соли 2020 беш аз 28 ҳазор далел бештар аст.
Дар маҷмуъ аз ҷониби мақомоти судӣ 681 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои вайрон кардани Қонун дар бораи расму оинҳо баррасӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2020 72 парванда зиёд мебошад.
Гуфта мешавад, ки 143-тои онҳо қатъ гардида, аз рӯи 668 парвандаи маъмурӣ чораҳои дахлдор андешида шудаанд.
Ҷазои ду сокини Хатлон барои ду таом дар тӯй ва баргузории чили падар
Ёдовар мешавем, ки Қонуни танзими анъана ва ҷашну ойинҳои мардумӣ дар Тоҷикистон соли 2007 қабул шуда буд. Он хароҷоти молӣ ва шумораи меҳмонон дар маросим ва идҳоро танзим мекунад.
Бо вуҷуди ҷаримаҳои зиёд, бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон то ҳол қонуни давлатиро нақз мекунанд. Қобили зикр аст, ки нақзи қонун аз тарафи шахсони воқеӣ аз 100 то 130 нишондиҳанда ҷаримаро ташкил медиҳад.
Маблағи ҷаримаи шахсони мансабдор аз 250 то 280 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва аз шахсони ҳуқуқӣ аз 500 то 530 нишондиҳанда муаян шудааст.