ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Тоҷикистон дар ҷаласаи клуби байналмилалии мубоҳисавии "Валдай", ки 9 феврали соли 2022 доир мешавад, иштирок мекунад, омадааст дар иттилоияи нашркардаи сомонаи он.
Ин нишаст бо пуштибонии Вазорати хориҷаи Русия дар Маскав баргузор мешавад ва мавзуи он "Амнияти дастаҷамъӣ дар давраи нав: таҷриба ва дурнамои СПАД" хоҳад буд.
Ин ҳамоиш идомаи нишасти интернетии созмон, ки 10 январи соли 2022 дар пасманзари ҳаводиси Қазоқистон баргузор шуд, хоҳад буд.
Он замон ширкаткунандагон таъкид карда буданд, СПАД аз сохторе, ки 30 сол фаъолияташ ноаён буд, ба як механизми муассири таъмини амният табдил ёфтааст.
Интизор меравад, ки конфронси дарпешистодаи маҳфили "Валдай" идомаи гуфтугӯи моҳи январ бошад, ки сарони Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Русия ва Тоҷикистон оғоз кардаанд.
Дабири кулли СПАД Станислав Зас, сардори Ситоди муштараки СПАД генерал-полковник Анатолий Сидоров ва директори барномаҳои клуби мубоҳисавии байналмилалии "Валдай" Тимофей Бордачев аз иштирокчиёни ҷаласа хоҳанд буд.
Тоҷикистонро дар ин нишаст муовини вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Содиқ Имомӣ, дабири кулли СҲШ дар солҳои 2016-2018 Рашид Олимов ва мудири Маркази омӯзиши Осиёи Марказӣ ва Чини Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар намояндагӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки дар аввали январи соли 2022 дар Қазоқистон эътирозҳои оммавӣ ба вуқуъ пайвастанд. Сабаби баргузории гирдиҳамоӣ ду баробар боло рафтани нархи гази моеъ буд.
Дар кишвар ғоратгарӣ оғоз шуд, ҷангҷӯён ба муассисаҳои давлатӣ ҳамла карда, силоҳҳои низомиёнро гирифтанд. Президент барои рафъи хатари террористӣ ба СПАД муроҷиат кард.
Бо дархости президенти ин кишвар Қосим-Ҷомарт Тоқаев нерӯҳои посдори сулҳи СПАД ба қаламрави ин кишвар оварда шуд.