Тавсияи агентӣ ба муҳоҷирон: расман кор кунед, нафақаи хуб мегиред

Муҳоҷироне, ки дар Русия расман кор мекунанд, дар дарёфти нафақа бо шаҳрвандони ин кишвар ҳаққи баробар доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 фев - Sputnik. Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар, ки дар Русия кор мекунанд, даъват кард, ки барои дарёфти нафақа дар он давлат кори расмӣ кунанд.
Дар ин бора Даврон Вализода, раҳбари Раёсати таъминоти нафақаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи кишвар зимни нишасти хабарии ин ниҳод иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, миёни кишварҳои ИДМ аз соли 1999 созишномае буд, ки бар асоси он, ҳар шаҳрванде, ки дар кишвари дигари аъзои иттиҳод кору фаъолият мекунад, нафақаи ҳамон давлатро мегирад.
Акнун муҳоҷирон дар Русия нафақа мегиранд: Душанбею Маскав ба мувофиқа расиданд
Ба гуфтаи Вализода, аз сабаби он ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия кор кардаву баргашта нафақаро дар кишвари худ мегирифтанд, созишнома риоят намешуд, ки ин вазъ ҳоло ҳалли худро ёфтааст.
Моҳи августи соли 2021 созишномаи дахлдор имзо шуд, ки тибқи он, ҳамакнун он шаҳрвандони кишвар, ки дар Русия кор мекунанд, имкони дарёфти нафақаи он кишварро доранд.
Намояндаи агентӣ гуфт, ин созишнома танҳо онҳоеро фаро мегирад, ки дар Русия расман кор мекунанд.

"Аз кулли муҳоҷирон даъват мекунем, бештар дар ҷойҳое кор кунанд, ки расман ба қайд гирифта мешаванд. Агар маошашонро пурра нишон диҳанд, нафаақаи хуб мегиранд. Дар самти дастрасӣ ба нафақа бо шаҳрвандони Русия баробаранд",- гуфт Даврон Вализода.

Ӯ гуфт, агар ними фаълоияти кории шаҳрванд дар Тоҷикистон сурат гирифта бошад, кишвар низ ба ӯ нафақа медиҳад.
Ёдовар мешавем, қаблан вакили Думаи давлатӣ Светлана Бессараб шароити ҳисобкунӣ ва пардохти нафақа ба муҳоҷирони кориро тавзеҳ дода гуфта буд, онҳо инро аз ҳисоби маблағе, ки корфармо дар тӯли корашон дар Русия барои онҳо пардохт мекунад, мегиранд.