ДУШАНБЕ, 7 фев— Sputnik. Дар ноҳияҳои Рӯшону Шуғнон ва Ишкошими ВМКБ шабонарӯзи гузашта 10 тарма фаромадааст.
Бино ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, оқибатҳои ҳафт тарма рафъ ва корҳо дар ҷиҳати бартараф кардани авоқиби се тармаи дигар дар минтақаҳои Рӯшону Ишкошим идома дорад.
Манбаъ афзуда, ки дар пайи фаромадани тарма талафот ва хисорот ба қайд гирифта нашудааст.
Дар баробари ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад, ки ҳамоно хатари фаромадани тарма дар минтақаҳои кӯҳӣ зиёд аст.
Наҷотдиҳандагони воҳидҳои зудамали кумитаи мазкур бо мақсади таъмини бехатарии ронандагон дар роҳҳо ва расонидани ёрии таъҷилӣ дар ҳолатҳои фавқулодда навбатдории шабонарӯзиро идома медиҳанд.
КҲФ мегӯяд, барои бартараф намудани оқибатҳои тарма ва тоза кардани роҳҳо хадамоти роҳдории Вазорати нақлиёт техникаи махсус ҷудо кардааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ аз сокинон даъват мекунад, ки аз сафари безарурат ба манотиқи тармафароӣ худдорӣ карда, ҳушёр ва эҳтиёткор бошанд.