Солеҳ: Мулло Ҳийбатуллоҳ мурдааст ва толибон дар бораи ӯ овозаҳои дурӯғ паҳн мекунанд

Муовини пешини раисҷумҳури Афғонистон толибонро манфуршуда хонд ва гуфт, ки ҳеҷ кас намехоҳад бо онҳо канор биёяд. Вай иддао дорад, ки роҳбари гурӯҳи толибон мурдааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Амруллоҳ Солеҳ, муовини собиқи раисҷумҳури Афғонистон дар саҳифаи "Фейсбук"-и худ навишт, толибро ба ҳадде бадбинӣ ва рад мекунанд, ки касе ғайри толибҳо омода нест, бо онҳо созиш кунад, навиштааст Sputnik Афғонистон.
"Ҳеҷ кишвар омода нест, ки бо толибон ҳамкорӣ кунад ва ба худ доғи сиёҳ бигирад. Ҳар яке мунтазири дигареест, ки таъми талх ва бадбӯйро аввал начашад. Толиб чунон зишт ва бадном аст, ки Равалпиндӣ чун падар ҷуръати шинохтани онро надорад”, - афзуд Солеҳ.
Солеҳ: Парчами кафанмонанди толибон ҳаргиз миллӣ намешавад
Оқои Солеҳ гуфт, бархе аз афғонҳо ё бо толибон меҷанганд ва ё аз дасти толибҳо ба кишварҳои дигар фирор мекунанд.

“Касе, ки на дар ҷанг ва дар роҳи тарки Ватан нест, дар асорат аст ва лаҳзаҳои оғози ҷанги бузург ё тарки Ватанро ҳисоб мекунад”, - илова кардааст Солеҳ.

Муовини раисҷумҳури пешини Афғонистон илова кард, ки изҳороти ин гурӯҳ рӯз то рӯз хандаовартар мешавад.
Вай ахиран бори дигар таъкид кард, ки Мулло Ҳийбатуллоҳ мурдааст ва толибон дар бораи зинда будани ӯ овозаҳои бардурӯғ паҳн мекунанд.