ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва ситораҳои эстрадаи тоҷик бо хонаводаи Дамирбек Олимов изҳори ҳамдардӣ кардаанд.
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз Дамирбек Олимов чун сарояндаи маҳбубу шинохта ёд мекунад.
"Вазорати фарҳанг аз даргузашти нобаҳангоми ҳунарманди маҳбубу шинохта Дамирбек Олимов сахт андуҳгин буда, ба аҳли хонадон, дӯстону наздикон ва мухлисони ҳунари марҳум ҳамдардии амиқ изҳор намуда, барояшон сабри ҷамил мехоҳад", - омадааст дар паёми таслият.
Дар баробари ин ниҳоди ҳукуматӣ саҳифаҳои ситораҳои тоҷик дар "Instagram" аз аксу изҳороти ҳамдардӣ пур шудааст. Дамирбекро ҳамагӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ чун сарояндаи боистеъдод, инсони хоксор ва дӯсти беҳтарин ёд кардаанд: нафаре ӯро бародар хондаасту дигаре дӯсту сеюмӣ фарзанд.
Нигина Амонқулова, ки бо марҳум сурудҳои зиёди муштарак сароидааст, Дамирбекро бародари ғамхору меҳрубон хондааст.
"Бо ҳамон суруди "Бачагӣ" моро падруд гуфт! Равонат шоду ёдат гиромӣ бод! Дӯсти азиз, бародари меҳрубону ғамхор, ҳамеша бо мо, дар дили мо ҳастӣ", - навиштааст Нигина.
Шабнами Сурайё, дигаре аз ситораҳои санъати тоҷик бошад, Дамирбекро "дунёи мо" хонда гуфтааст, ки ин ғам ӯро кушт.
"Додари азизам, ҷоят ҷаннат бошад. Моро куштӣ, дунёи мо", - навиштааст Шабнам.
Дар баробари ин ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов мегӯяд, ҳофизи марҳум Дамирбек Олимовро падарвор дӯст медошт ва даргузашти ӯро фоҷеаи бузург унвон мекунад.
“Баъди даргузашти Ӯрунбек Ҳамдамов ҳоло ба худ наомада будам. Ҳодиса барои санъати Тоҷикистон як фоҷеаи бузург аст”, - гуфт ҳунарманд дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Муродов қайд мекунад, Дамирбек Олимовро на танҳо ҳамчун шогирд, балки чун фарзанд қабул кард ва ӯро баробар бо чаҳор писараш медонист.
Ҳамаи санъаткорон ба пайвандони Дамирбек Олимов сабри ҷамил хоста, ба марҳум хонаи ободи охират орзу кардаанд.
Ёдовар мешавем, Дамирбек Олимов, ҳофизу ҷавону шинохтаи тоҷик шаби 4 ба 5 феврал дар пайи як садамаи мудҳиш дар роҳи Сомғари ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - шаҳри Хуҷанд ба ҳалокат расид.