Пайвастани панҷ халабони нерӯҳои ҳавоии пешини Афғонистон ба сафи толибон

Вазорати дифои толибон мегӯяд, ки панҷ тан аз халабонони нерӯҳои ҳавоӣ дубора ба Ватанашон баргаштаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Вазорати дифои толибон бо нашри як баёние гуфтааст, панҷ тан аз халабонони нерӯҳои ҳавоӣ, ки дар моҳҳои ахир ба берун аз ин кишвар рафта буданд, баргашта ва иҷрои вазоифашонро аз сар гирифтаанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Ба гуфтаи ин вазорат, талошҳо барои баргардонидани тамоми кадр ва кормандони маслакии Вазорати дифоъ идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки баъд аз суқути ҳукумати Ашраф Ғанӣ садҳо халабон аз тариқи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба кишварҳои хориҷӣ интиқол дода шуданд.
Мақомоти Амрико як гурӯҳи низомиёни афғонро, ки дар Тоҷикистон буданд, ба пойгоҳҳои низомии худ интиқол доданд.
Кобулов: Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон як ҳаракати маҷозист, на воқеӣ
Ба иттилои манбаи "Reuters", дар Тоҷикистон беш аз 150 низомии афғонистонӣ буд, ки қаблан аз сӯйи нерӯҳои Амрико омӯзиш гирифта буданд. Миёни онҳо халабонҳои собиқи нерӯҳои ҳавоии Афғонистон низ буданд.
Ҳамаи онҳо аз Тоҷикистон ба кишварҳои мухталиф ва сипас ба ИМА интиқол дода шуданд.
Аксари ин афғонистониҳо дар як осоишгоҳе дар наздикии Душанбе қарор доштанд.