ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Тоҷикистон азм дорад, содироти тухми мурғро ба роҳ монад.
Дар ин бора Агентии содироти назди Ҳукумати Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, бо мақсади мусоидат ба афзоиши содироти тухми мурғ ва дарёфти бозорҳои нави тиҷоратӣ раҳбари агентӣ Шавкат Бобозода бо роҳбарони корхонаҳои истеҳсолкунанда ва содироткунандаи тухми мурғ дидор дошт.
Зимни суҳбат бо соҳибкорон Бобозода гуфтааст, ки бо розигии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва супориши сарвазири кишвар ба содироти намудани тухм дастур дода шуд.
Аммо гуфта мешавад, содирот бо дарназардошти таъмини аввалиндараҷаи талаботи бозори дохилӣ сурат хоҳад гирифт.
Раҳбари агентӣ ба роҳбарони корхонаҳои истеҳсолкунанда ва содироткунандаи тухм тавсия додааст, ки содироти тухм бо дарназардошти таъмини авалиндараҷаи талаботи бозори дохилӣ ба роҳ монда шавад.
Дар ҷараёни машварат бо таклифу дархости намояндагони корхонаҳои парандапарварӣ масъалаҳои зиёд намудани истеҳсол, баланд бардоштани сифати тухм ва гӯшти мурғ, ташкили майдонҳои кишти хӯроки паранда ва корхонаҳои коркарди он, дар оянда ба роҳ мондани содироти маҳсулоти мурғӣ, инчунин рушди иқтидорҳои содиротии соҳа мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Гуфта мешавад, ба соҳибкорон дастур дода шудааст, имтиёзҳоеро, ки аз ҷониби ҳукумат пешниҳод карда шудаанд, самаранок истифода бурда, барои боз ҳам зиёд намудани содироти тухм ба давлатҳои ҳамсоя бо сифати баланд тадбир андешанд.
Ба роҳ мондани содироти тухм ба хориҷ дар ҳолест, ки дар бозорҳои дохилии кишвар як бастаи тухм аз 20 то 25 сомонӣ арзиш дорад.
Гуфта мешавад, содироти бештари ин навъи маҳсулот асосан ба Ӯзбекистон сурат мегирад.