Дар Қазоқистон хисороти ҳодисаҳои фоҷиабори моҳи январ ҳисоб карда мешавад ва мақомот ҳамчунин барои барқарорсозии биноҳои осебдида кор мекунанд.
Аз замони гирдиҳамоиҳо ва ошӯбҳо, ки баъд аз он ба ин кишвар нерӯҳои посдори сулҳи СПАД вориду вазъи изтирорӣ эълон шуд, як моҳ гузашт.
Гурӯҳи наворбардории Sputnik Қазоқистон аз ҷойҳое дидан кард, ки корҳои барқарорсозӣ идома доранд.
Инак, калонтарин шаҳри ин мамлакат — Алмаато аз ҳама бештар зарар дид, бинобар ин дар ин ҷо роҳандозии корҳои васеи барқароркунӣ лозим аст.
Аз ҳама бештар бинои ҳокимияти шаҳр осеб дидааст. Зарур аст, ки онро аз поя навсозӣ кунанд.
Ёдовар мешавем, ки эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон авоили январи соли 2022 ба вуқуъ пайвастанд.
Сабаби баргузории гирдиҳамоӣ ду баробар боло рафтани нархи гази моеъ буд.
Дар кишвар ғоратгарӣ оғоз шуд, ошӯбгарон ба муассисаҳои давлатӣ ҳамла кардаву силоҳҳои низомиёнро гирифтанд.
Президенти Қазоқистон барои рафъи хатари террористӣ ба СПАД муроҷиат кард.
Бо супориши сарвари ин давлат Қосим-Ҷомарт Тоқаев контингенти низомии СПАД ба ин кишвар ворид шуд, ки объектҳои аз ҷиҳати стратегӣ муҳими онро дар он шабу рӯз посбонӣ мекард.