ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Як медали нуқра ва як биринҷӣ дар рӯзи аввали Бозиҳои олимпии-2022 насиби варзишгарони Русия шуд.
Нахустин медалро барои Русия лижарон Наталя Непряева овард, ки дар скиатлон ҷои дуюмро гирифт. Медали биринҷиро барои Русия биотлонистҳо дар мусобиқаи омехта гирифтанд. Дар ин ҳайат Уляна Нигматуллина, Кристина Резстова, Александр Логинов ва Эдуард Латипов сабқат карданд.
Дар радабандии ҷоизадорони бозиҳои олимпӣ тимҳои Русия ва Канада дар зинаи 7-ум қарор доранд. Намояндагони Норвегия ду медали тило гирифта, дар ҷои авваланд. Дар зинаи дуюм словениҳо бо як медали тило ва як биринҷӣ қарор доранд. Дар зинаи сеюм Нидерландия, Шветсия ва Чин ҷой гирифтаанд, ки соҳиби як медалии тилоянд.
Интизор меравад, ки бозиҳо то 20 феврал идома ёбанд. Варзишгарон барои 109 маҷмаи медалҳо зӯрозмоӣ мекунанд. Мусобиқаи варзишгарон дар намудҳои гуногун, аз ҷумла лижаронӣ, рақси болои ях, бобслей, биатлон, фристайл, ҳоккей ва ғайра дар назар аст.
Пекин дар таърихи ҳаракати олимпӣ аввалин шаҳрест, ки ҳам бозиҳои тобистона ва ҳам зимистонаи олимпиро мизбонӣ мекунад.