ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин даъват барои боздиди расмӣ аз Тоҷикистонро пазируфт.
Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар мулоқоташ бо Ҷинпин аз ӯ даъват кард, ки бо сафари расмие ба Тоҷикистон ояд ва ин даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.
Маврид ба зикр аст, ки Ҷинпин дар мулоқоти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, ки дар моҳи сентябри соли гузашта дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, аз тариқи онлайнӣ иштирок дошт.
Дар мавриди таърихи рӯзи сафари расмии ӯ ба Тоҷикистон интизор меравад, ки аз тариқи роҳҳои дипломатӣ мувофиқа шавад.
Мулоқоти Раҳмону Ҷинпин дар Пекин дар ҳошияи маросими кушодавшии Бозиҳои зимистонаи олимпӣ баргузор гардида, бахшҳои мухталифро фаро гирифт.
Саноат аз мавзуъҳои меҳварии ин мулоқот будааст. Ба иттилои дафтари матбуотии Эмомалӣ Раҳмон, дар ин мулоқот барои воридоти фанновриҳои ҷадид ва дар Тоҷикистон таъсис додани заминаҳои истеҳсоли “технологияи сабз”, бахусус мошинҳои электрикӣ, панелҳои офтобӣ ҳавасмандӣ зоҳир карда шуд.