ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Сарраёсати меъмории шаҳри Душанбе хабар дод, ки бинои нави Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов барои 320 хонанда пешбинӣ шудааст.
Схтмони бинои Коллеҷи хореографии ба номи Малика Собирава барои 140 хонанда дар назар аст. Ба иттилои манбаъ, қарор дар бораи бунёди бинои нави коллеҷҳои мазкурро Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе имзо кардааст.
Таъкид шудааст, ки тарҳи биноҳои мазкур аз ҷониби гурӯҳи лоиҳакашии Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Душанбе таҳия гардида, сохтмони он оғоз меёбад. Биноҳои ҷадид дар хиёбони Рӯдакӣ, дар ноҳияи Шоҳмансур бунёд мешаванд. Дар мавриди муҳлати анҷоми сохтмон чизе гуфта нашудааст.
Қаблан Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Душанбе лоиҳаи ангоравии бинои Қасри фарҳанг дар пойтахтро муаррифӣ карда буд, ки намуди дутор, доира ва таблакро хоҳад дошт.
Маврид ба зикр аст, ки Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе, ки ба номи Овозхони халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Аҳмад Бобоқулов гузошта шудааст, ҳанӯз аз соли 1945 фаъолият мекунад.
Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографӣ дар Душанбе соли 2003 таъсис дода шуда, соли 2007-ум бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон ба номи балеринаи шинохтаи тоҷик, Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Малика Собирова гузошта шуд.
Ин ду муассиса дар тобеияти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон буда, дар гузаштаю ҳозира аз таъминкунандаҳои асосии соҳа бо кадрҳо арзёбӣ мегарданд.