ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Матлаби нодурусти "Bloomberg" дар бораи оғози "ҳуҷум"-и Федератсияи Русия ба Украина аз хатари изҳороти таҷовузкоронаи Иёлоти Муттаҳида ва пойтахтҳои кишварҳои ғарбӣ сухан мегӯяд.
Дар ин бора котиби матбуотии раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков ба РИА "Новости" хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, ин ҳодиса нишон медиҳад, ки ин гуна паёмҳо чӣ гуна метавонад ба паёмадҳои ҷуброннопазир оварда расонанд.
"Ин намоиши бузурги он аст, ки вазъият то чӣ андоза хавфнок аст, ки дар натиҷаи изҳороти беохири таҷовузкоронаи аз Вашингтон, Лондон ва аз дигар пойтахтҳои Аврупо ба вуҷуд меояд", — гуфт дар суҳбат бо хабарнигори агентӣ.
Ба гуфтаи Песков, ин як мисоли он аст, ки фазои ташаннуҷи сахте, ки дар натиҷаи ин амалҳои таҷовузкоронаи ҳамтоёни мо дар Аврупо ба вуҷуд омадааст, чӣ оқибатҳо дошта метавонад.
Қаблан "Bloomberg" дар вебсайти худ матлабе бо сарлавҳаи "Русия ба Украина ҳамла кард" нашр намуда буд.
Баъдтар муҳаррирон инро иштибоҳ номида, паёмро ҳазф карданд ва ваъда доданд, ки ҳодисаро тафтиш хоҳанд кард.
Тавре дар ин бора хабар доданд, муҳаррирон барои бисёр сенарияҳо омодагӣ мебинанд ва сарлавҳа нохост дар портал нашр шудааст.
Ҷониби Русия борҳо иттиҳомоти Ғарб ва Украинаро дар бораи "ҳамла" рад карда, изҳор доштааст, ки ба касе таҳдид намекунад ва ба ҳич як кишваре ҳамла карданӣ нест.