Фиреб дар мошинбозор: мақомот ҳолати қаллобиро таҳқиқ мекунанд

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон аз сабти ҳолати қаллобӣ зимни додугирифти мошин дар шаҳри Душанбе хабар доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бо иттиҳоми даст задан ба қаллобӣ дар шаҳри Душанбе ду нафар боздошт гардидаанд.
Ба иттилои ВУД, муттаҳамон мардони 36 ва 24-сола мебошанд, ки зимни додугирифти худрав даст ба қаллобӣ задаанд.
Манбаъ зикр намудааст, ки дастгиршудагон 20-уми ноябри соли гузашта бо роҳи фиреб ба боварии ҷавони 26-сола, сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ як худрави тамғаи “Тойота-Кемри" ва 120 ҳазор сомониро гирифта, ваъда додаанд, ки тайи 15 рӯз, то 5-уми декабр ҳамаашро бармегардонанд.
Панҷ мошини гаронбаҳоро фурӯхту пулро ба соҳибашон надод: таҳқиқи қаллобӣ дар Душанбе
Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, муттаҳамон ба ваъдаашон вафо накарда, худравро фурӯхтаанду пулро ба манфиати шахсияшон истифода кардаанд. Ба иттилои ВУД, феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки қаблан низ мақомот аз ҳолатҳои қаллобӣ зимни харидуфурӯши мошин дар Тоҷикистон хабар дода буданд. Дар бисёре аз ҳолатҳо бархе афрод мошинро нархгузорӣ карда, нася мегиранд, аммо баъдан соҳибмулкро фиреб медиҳанд ё мошинро фурӯхта пулро ба манфиати худ истифода мебаранд.