Даргузашти Дамирбек Олимов, сарояндаи ҷавони тоҷик

Иллати марги сарояндаи ҷавон то ҳол дақиқ нест
Sputnik
ДУШАНБЕ, 05 фев — Sputnik. Дамирбек Олимов, аз сарояндаҳои шинохтаи мусиқии поп ва классикии тоҷик дар синни 33-солагӣ даргузашт.
Як манбаъ аз наздикони марҳум ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин ҳунарманди ҷавон шаби 4 феврал даргузаштааст.

"Мо низ субҳи барвақт огоҳ шудем, ки дӯстамон ҷавонмарг шудааст. Чанд рӯз қабл дар тамос будем аз чизе шикоят надошт",- афзуд манбаъ.

Ҳамзамон марги ҳунармандро Маҳками Баҳриддин, яке аз ҳамкасбони Дамирбек Олимов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон таъйид кард.
Иллати марги ҳунарманд то ҳол дақиқ нест.
Дамирбек Олимов соли 1989 дар ноҳияи Деваштич (Ғончӣ) дар оилаи сароянда Ботурчон Олимов ба дунё омадааст.
Баъд аз хатми мактаби миёна, ӯ Коллеҷи Донишкадаи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанро хатм кардааст.
Вай дар ансамбли шашмақомхонии "Нури Хуҷанд", ки роҳбариашро устод Ҷӯрабек Муродов ба уҳда доранд, фаъолият мекунад ва дар ансамбли созу овози "Садои Суғд" низ кор кардааст. Марҳум оиладор аст ва падари 3 фарзанд буд.

Шуҳрати Дамирбек баъди иҷрои суруди "Зулфони майда" дар "Чакомаи гесӯ" ва баъд мавригии "Ҷон, бачаи хола", дуэт бо сароянда Нигина Амонқулова бештар шуд.
Ӯ аз камтарин сарояндагони ҷавон буд, ки ҳам дар иҷрои жанри эстрада ва ҳам шашмақом маҳорати волое дошт.