Аз амири Қатар то Имрон Хону Тоқаев: Раҳмон дар Пекин бо кӣ вохӯрд?

Расҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафараш ба Чин бо роҳбарони як қатор давлатҳо мулоқот анҷом додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳошияи иштирок дар маросими кушодашавии Бозиҳои зимистонаи олимпӣ бо роҳбарони бархе давлатҳо дидор доштааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар Пекин бо Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон суҳбат кардааст.
Вохӯрии дигари Раҳмон бо Имрон Хон, сарвазири Покистон баргузор гардидааст. Тафсилоти ин мулоқот зикр нашудааст, аммо қаблан масоили Афғонистон аз мавзуъҳои меҳварии мулоқоти Раҳмону Имрон Хон буданд.
Қосим-Ҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон, ки аввали соли равон шоҳиди нооромиҳо дар кишвараш шуд, бо роҳбари Тоҷикистон дар Пекин суҳбати рӯ ба рӯ доштааст.
Аз тавлиди мошинҳои электрикӣ то ваксина ва амният: Раҳмону Ҷинпин аз чӣ гуфтанд?
Инчунин бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, роҳбари Туркманистон низ дидор сурат гирифтааст.
Дар баробари ин Эмомалӣ Раҳмон бо амири давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ дар Пекин суҳбат анҷом дод. Қатар сармоягузори калонтарин масҷиди ҷомеъ дар Тоҷикистон мебошад, ки гуфта мешуд, зимни сафари амири ин кишвар ба Душанбе ифтитоҳ хоҳад шуд, аммо ин сафар ба далоили гуногун ба таъхир гузошта шудааст.
Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва Абдулло Шаҳид, раиси Маҷмаи умумии СММ низ дар феҳрасти онҳое зикр шуданд, ки Раҳмон дар Пекин бо онҳо мулоқот кардааст.
Тафсилоти ин мулоқотҳо зикр нагардидаанд. Роҳбарони давлатҳо ва созмонҳои гуногуни байналмилалӣ барои иштирок дар маросими кушодашавии Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Пекин қарор доранд, ки шоми 4 феврал баргузор шуд. Интизор меравад, ки бозиҳои олимпӣ то 20 феврал давом ёбанд.