ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Соли 2021 дар вилояти Суғд 28 корхона фаъолияти худро мутаваққиф кардааст. Дар ин бора дар нишасти хабарии ҳисоботӣ дар шаҳри Хуҷанд муовини раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, бархе аз соҳибкорон тиҷоратро танҳо "ба бахши хидматрасонӣ" интиқол додаанд.
"Сабаби аслии баста шудани чунин теъдоде аз корхонаҳо гузаштани онҳо аз истеҳсолот ба хидматрасонӣ аст", - гуфт муовини раиси вилоят.
Аммо дар баробари ин Хол Ҳайдар мушаххас накард, ки чунин гузариш чӣ маънӣ дорад.
Вай ҳамчунин афзуд, ки дар баробари ин дар соли гузашта дар вилоят корхонаву коргоҳҳои зиёде ба фаъолият пардохтанд, ки шумори онҳо ба 120 адад мерасад.
Дар ин давра танҳо дар маркази маъмурии вилояти Суғд 17 корхона боз шуда, аммо 12 ширкат фаъолияти худро мутаваққиф кардааст.
Ба гуфтаи раиси шаҳри Хуҷанд, алайҳи тамоми корхонаҳои бекормонда чораҳо андешида мешаванд.
"Агар роҳбарияти онҳо ин мушкилотро ҳал карда натавонанд, пас бо мувофиқа ба шуъбаҳои вилоятӣ маҷбур мешавем, ки онҳоро ба дигар соҳибкорон диҳем", - таъкид кард раиси шаҳр.