ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Барно Саидвализода, сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ гуфт, дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби роҳбарияти хадамот фаъолияти иҷрочиён пурзӯр карда шуда, бо татбиқи чораҳои маҷбурӣ иҷрои воқеии 37 303 санад, ба маблағи 195 миллион 600 ҳазор сомонӣ сурат гирифт.
Вай гуфт, дар соли сипаригардида ба Хадамоти иҷрои Тоҷикистон 13 ҳазору 137 истеҳсолоти иҷро оид ба ситонидани маблағи алимент ворид гардид, ки назар ба ҳамин давраи ҳисоботӣ 1983 маврид зиёд мебошад.
“Соли 2021 21 млн 507 ҳазор сомонӣ маблағи алимент ба манфиати модару кӯдак ситонида шудааст”, - таъкид кард Барно Саидвализода.
Ҳамзамон қайд карда шуд, ки бинобар саркашӣ намудани қарздорон аз пардохти маблағи алимент нисбат ба 410 нафар қарздор, тибқи талаботи моддаи 177, Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, бо пешниҳоди иҷрочиён парвандаҳои ҷиноятӣ боз гардиданд.
“Нисбат ба 479 нафар қарздор бо пешниҳоди иҷрочиён барои сари вақт напардохтани маблағи алимент ва пинҳон кардани суроғаи ҷои зисташон кофтуков эълон шудааст”, - гуфт сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Тоҷикистон.