Сармо дар пеш: дар Тоҷикистон сардии 38-дараҷаӣ пешбинӣ шудааст

Обуҳавошиносони Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳаво дар ҷумҳурӣ якбора тағйир меёбад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон то охири ҳафта якбора сард шудани ҳаво дар назар аст.
Мувофиқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, рӯзҳои 6 ва 7 феврал дар ҷумҳурӣ ҳавои якбора тағйир ёфта, дар баъзе ноҳияҳо боридани борону барф пешгӯӣ мешавад.
Тибқи пешбиниҳо, 6 феврал ҳарорати рӯзона қариб 8-10 дараҷа мешавад.
Олимон рӯзҳои 5 ва 6 феврал дар баъзе минтақаҳо вазиши шамол то 15-20 метр дар як сонияро пешбинӣ мекунанд.
Дар ин рӯзҳо, махсусан дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ (НТҶ), дар ғарби ВМКБ, аз ҷумла дар роҳҳои Душанбе - Чаноқ, Душанбе - Лахш, Душанбе - Рашт, Ванҷ - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим низ фаромадани туман дар назар аст.
Чанд фоизи пешгӯии ҳавошиносони тоҷик дар соли 2021 дуруст буд?
Дар шоҳроҳҳои Мурғоб, Хоруғ -Ҷеландӣ эҳтимоли фаромадани тарма ва яхбандӣ вуҷуд дорад.
Ҳаво дар ғарби ВМКБ шабона 8-13 дараҷа гарм ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
Ҳарорати хаво дар шарқи вилоят шабона то 17—22, дар баъзе навоҳӣ то 25—30 дараҷа (дар Булункул то 36—38 дараҷа хунук) паст мешавад.
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳаво рӯзона танҳо то 11-16 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои нимаабрӣ сокинонро интизор аст, дар водиҳо боришоти кӯтоҳмуддат, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барфи дар назар аст.
Ҳарорати ҳаво дар водиҳо қариб сифр ва дар кӯҳсор 3—4 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво нимаабрӣ шуда, шабона ва субҳ дар водиҳо баъзан бориш шуда, дар доманакӯҳҳо барф меборад, туман низ мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо то 13 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои нимаабрӣ дар назар аст, шабона ва саҳар борон меборад, нимаи дуюми рӯз туман мефарояд. Ҳарорати ҳаво шабона 2-4 дараҷа ва рӯзона то 12 дараҷа гарм мешавад.