Дараҷа аз 38 дарсад кам набошад: қоидаҳои ҷадиди тавлиди арақ дар Тоҷикистон

Ҳукумати Тоҷикистон қоидаҳои ҷадиди истеҳсоли арақ дар ҷумҳуриро тасвиб кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон аз 1 январи соли 2022 регламенти нави техникии истеҳсоли машрубот мавриди амал қарор гирифт.
Ба иттилои масъулини "Тоҷикстандарт", регламенти ҷадиди техникӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон таҳия шуда, аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ гардид.
Роҳбарияти "Тоҷикстандарт" зимни нишасти матбуотӣ гуфт, қаблан чандин санад буд, ки истеҳсоли машрубот бо такя ба онҳо танзим мешуд. Аммо феълан бо омӯхтани таҷрибаи ҷаҳонӣ ва меъёрҳои давлатҳои дигар регламенти ягона таҳия шудааст.
Бар асоси санади ҷадид, дараҷаи арақи тавлиди кишвар набояд аз 38 дарсад кам бошад.
Дар мавриди ин иддао, ки дараҷаи бештар ба саломатӣ зарари зиёдтар дорад, масъулини "Тоҷикстандарт" изҳор доштанд, ки ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ дар ин бора муроҷиат карданд. Онҳо посух гирифтаанд, ки тақвияти дараҷа мизони зарарро тағйир намедодааст.
Ин дар ҳолест, ки қаблан дар Тоҷикистон арақҳое бо дараҷаҳои гуногун ва поинтар аз 38 дарсад тавлид мешуданд.
Масъулин мегӯянд, регламенти нав тамоми навъҳои арақро фаро гирифта, ҳудуди 80 саҳифа аст. Роҳбарияти "Тоҷикстандарт" таъкид намуд, бар асоси ин санад, ки як моҳи охир амал мекунад, назорати соҳаро пурзӯр менамоянд.