Пулиси тозатаъсиси толибон дар вилояти Балх - видео

Мақомоти толибон дар вилояти Балх мегӯянд, тақрибан 600 тан аз нерӯҳои ин гурӯҳ пас аз як омӯзиши низомӣ аз Академияи пулиси Балх фориғ шуданд
Sputnik
Мавлавӣ Қудратуллоҳ Абуҳамза, волии Балх гуфт, нерӯҳои тоза фориғшуда ба омӯзиши касбию низомӣ фаро гирифта шудаанд, ки шомили омирин ва муовинони ҳавзаҳо низ мебошанд.
Волии Балх мегӯяд, онон дар талош ҳастанд, то нерӯҳои амниятӣ омӯзиш ва маҳоратҳои беҳтари низомиро фаро гирифта, ба гунае малакаҳои низомии худро дар вазифаҳояшон амалӣ намоянд.
Толибон пас аз он ки Ҳукумати Амрико тасмими берун кардани низомиёнашро аз хоки Афғонистон эълон кард, амалиётҳои густурдаро барои барқарор кардани назорат дар ин кишвар бештар карданд.
Онҳо бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд ва Ашраф Ғанӣ Афғонистонро тарк кард.
Баъд аз ба сари қудрат омадани толибҳо ҳазорон сарбозу кормандони пулиси ҳукумати пешин бекор монданд.
Бо вуҷуди талошҳои зиёди толибон ҳоло ҳеҷ як давлат ҳукуматашонро ба расмият қабул нашинохтааст.