ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон мегӯяд, марҳила ба марҳила дар кишвар бунёди кӯдакистону мактабҳои панҷошёна оғоз мешавад.
Раиси Кумитаи меъморӣ дар доираи нишасти матбуотӣ, далели рӯй овардани мақомот ба бештар кардани ошёнаҳои кӯдакистону мактабҳоро ба камбди замин рабт дод. Замин кам аст, ки чун пештара мактабу кӯдакистонҳои ду - сеошёна бунёд шаванд, афзуд ӯ.
Ин дар ҳолест, ки қаблан низ мақомоти Тоҷикистон барои сарфаи замин бунёди бисёрошёнаҳоро аз ҷумла дар деҳот тавсия доданд. Дар баробари ин бо қарори ҳукумат, дар кӯчаҳои асосии шаҳру навоҳӣ бунёди биноҳои камтар аз панҷошёна мамнуъ шуда буд.
Дар Тоҷикистон ба сокинони деҳотҷойҳо низ тавсия дода мешавад, ки манзилҳои ду то панҷошёна созанд. Маҳмадсаид Зубайдзода, қаблан гуфт, дар ҷумҳурӣ дастури ҳукумат аз соли 2018 амал мекунад, ки мувофиқи он бояд дар деҳотҳо ба сохтмони манзилҳои ду ҳатто сеошёна афзалият дода шавад.
Ӯ дар мавриди Душанбе изҳор дошт, ки биноҳои камошёна низ марҳила ба марҳила, аз ҷумла якошёнаҳо аз марказ ҳамааш хезонда хоҳанд шуд.
Ин иқдоми мақомот дар ҳолест, ки Тоҷикистон кишвари камзамин маҳсуб ёфта, 93 дарсади қаламрави онро куҳсор ташкил медиҳад. Дар зимн аҳолии кишвар бо суръати миёнаи 2% ҳамасола афзоиш меёбад ва таъмини мардум бо манзили зисту инфрасохтори зарурӣ аз мушкилоти мубрам дар кишвар ба шумор меравад.