Хонаи адибон тахриб мешавад: хоҳанд, пул, нахоҳанд, манзили нав мегиранд

Бинои маъруф ба хонаи адибон дар маркази Душанбе, ки дар он бисёре аз чеҳраҳои шинохтаи адабиёти тоҷик иқомат доранд, тахриб хоҳад шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон гуфт, хонаи адибон дар доираи нақшаи генералӣ тахриб мешавад.
Ба иттилои масъулини кумита, хонаи адибон дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ ва дигар биноҳои ин минтақа, аз ҷумла дар кӯчаи Аҳрорӣ тахрибшаванда буда, дар он ҷо идомаи бунёди маҷмааи "Истиқлол" дар назар аст.
Зувайдзода мегӯяд, дар ин қисмат бунёди роҳ, гулгашту фаввораҳо ва инчунин биноҳои баландоошёна дар назар дошта шудаанд, ки марҳила ба марҳила анҷом дода мешаванд. Масъулини ин ниҳод таъхири тахриби хонаи адибонро рад карда, изҳор доштанд, ки аллакай қарорҳо тасвиб ва ба сокинони биноҳо огоҳӣ дода шудааст.
Раиси Кумитаи меъморӣ таъкид намуд, ки соҳибони хонаҳои биноҳои тахрибшаванда мувофиқи хоҳишашон метавонанд маблағ ё манзили нав гиранд. Ӯ афзуд, ки аллакай биноҳои ҷадид дар минтақаи Зарафшон бунёд гардидаанд, ки хоҳишмандон метавонанд онро соҳиб шаванд.
Маврид ба зикр аст, ки майдони "Истиқлол", ки дар ин қисмат бунёд мегардад, минбаъд майдони асосию марказии пойтахт мешавад. Майдони “Истиқлол” 30 гектар буда, 2,7 гектарашро макони баргузории чорабиниҳои сиёсӣ ташкил медиҳад.
Қаблан дафтари матбуотии раисҷумҳур хабар дода буд, ки майдони "Истиқлол" бо маҷмааи рамзи истиқлолу озодӣ, ки аз иншооти асосию боғ иборат аст, соли 2022 ба истифода дода мешавад.