ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Барно Саидвализода, сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ гуфт, дар бахши пешбурди феҳристи қарздорон ва махзани электронии хадамот, ки он бо мақсади ба низом даровардани қарздорӣ ва пешгирӣ аз оқибатҳои номатлуби он ташкил карда шудааст, айни ҳол 3 471 шахсони воқеӣ ва 184 шахси ҳуқуқӣ сабт шудааст.
“Барои баромада нарафтани қарздорон аз ҳудуди Тоҷикистон нисбат ба 2 285 нафар қарздорон маҳдудият гузошта шудааст, ки назар ба соли 2020 1949 нафар зиёд мебошад”, - таъкид кард хонум Саидвализода.
Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Тоҷикистон гуфт, амали мазкур натиҷаҳои мусбат дода, 49 нафар қарздор дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ дастгир гардида, маблағҳои қарзӣ дар ҳаҷми зиёда аз 487 710 сомонӣ аз онҳо ситонида шуд.
Ҳвамзамон Барно Саидвализода гуфт, ки Хадамот бо намояндагони барномаи "Мусоидат ба волоияти қонун дар кишварҳои Осиёи Марказӣ"-и Ҷамъияти Ҳамкории Байналмилалии Олмон (GIZ) ҳамкории судманд ба роҳ монда, бо Бюрои иҷрои маҷбурии назди Прокуратураи генералии Ӯзбекистон ёддошти тафоҳум имзо кардааст.
Инчунин дар доираи конвенсияҳои қабулгардида бо Хадамоти федералии приставҳои судии Русия, мақомоти иҷроияи ҷумҳуриҳои Беларус, Арманистон ва дигар кишварҳои минтақа дар соҳаи истеҳсолоти иҷро ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷрибаро роҳандозӣ менамоянд.