Айби рӯған буд, на аз гӯшти мурғ: Файзуллозода ҳодисаи заҳролудшавӣ дар Хуҷандро шарҳ дод

Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Тоҷикистон ҳодисаи заҳролудшавӣ пас аз истеъмоли гӯшти мурғ дар Хуҷандро шарҳ дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Муҳаммадсаид Файзуллозода, раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Тоҷикистон гуфт, ҳодисаи заҳролудшавии сокинон пас аз итеъмоли гӯшти мурғ дар Хуҷанд аз рӯғани куҳна сар задааст.
Номбурда гуфт, соҳибкор рӯғанро бисёр истифода кардааст, ки чунин ҳолат рух додааст.
Ба гуфтаи мутахассисони кумита, рӯған агар се-чор бор истифода шавад, он заҳрнок мегардад ва ҳодисаи мазкур низ дар пайи чунин амал сар задааст.
Парвандаи соҳибкоре, ки мурғҳои пӯхтааш 50 касро дар Хуҷанд заҳролуд кард, ба додгоҳ рафт
Файзуллозода гуфт, дар пайи ҳодисаи мазкур гурӯҳи корӣ таъсис ва дар марказҳои лабораторӣ ташхис гузаронида шуд, ки ҳолатҳои бемории парранда ошкор нашуд.
Ҳодисаи заҳролудшавии беш аз 50 сокини Суғд моҳи декабр расонаӣ гардид.
Маълум шуд, ки ин гурӯҳи сокинон дар пайи истеъмоли гӯшти пухтаи мурғ (грилл), ки онро Тоҷибоевҳо дар суроғаи шаҳри Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, бинои 77, дар наздикии “Афғонбозор” омода мекарданд, ба ин ҳол гирифтор шудаанд.
Дар шарҳи ин ҳолат котиби матбуотии ҳукумати Хуҷанд гуфт, ки “Тоҷибоев дар вақти пӯхтупази гӯшти мурғ талаботи санитарию эпидемиологиро дағалона вайрон намудааст”.
Дар натиҷаи чунин амали соҳибкор зиёда аз 50 нафар, асосан сокинони шаҳру навоҳии атрофи Хуҷанд заҳролуд ва дар беморхонаи бемориҳои сироятии №4-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бистарӣ шуданд.
Мақомот дар ин ҳодиса Муҳсинҷон Тоҷибоев ва бародарашро ба пӯхтупаз ва фурӯши гӯшти мурғи пастсифат гунаҳгор дониста аоайҳашон парванда боз карда буданд, ки ҳоло дар баррасии додгоҳ қарор дорад.
Парвандаи ҷиноӣ алайҳи Тоҷибоевҳо бар асоси моддаи 207 қисми 1 (вайрон намудани қоидаҳои санитарию эпидемологӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси бемории оммавӣ ва ё заҳролудшавии одамон гардидааст) боз шудааст.
Ин моддаи қонун барои афроди ҷинояткор аз 30 то 60 ҳазор сомонӣ ҷарима, ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин муҳлатро пешбинӣ мекунад.