ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Гардиши коло миёни Тоҷикистону Қазоқистон ҳудуди 1,2 миллиард долларро ташкил додааст. Ин иттилоъро Агентии омори назди президент расонаӣ кардааст.
Танҳо дар соли 2021 гардиши мол қариб 30 фоиз афзуд. Дар ҳамин ҳол беш аз 820 миллион доллар ба воридоти коло аз Қазоқистон рост меояд ва Тоҷикистон ба маблағи 360 миллион доллар маҳсулот содир кардааст.
Ҳамин тариқ дар соли 2021 Қазоқистон ба ҷумҳурӣ ҳудуди 1 миллион тонна гандум ва орд фурӯхтааст.
Илова бар ин бахши қобили мулоҳизаи гази моеъ, ки беш аз 60 дарсади мошинҳои Тоҷикистон аз тариқи он ҳаракат мекунанд, аз Қазоқистон ворид мешавад.
Дар маҷмуъ ба Тоҷикистон 410 ҳазор тонна маводи сӯхт ворид шудааст, ки 360 ҳазор тоннаи он аз Қазоқистон оварда шудааст. Бақияи гази моеъ аз Русия ворид шудааст.
Ба воридоти асосӣ аз Қазоқистон ҳамчунин орд ва гандум, гази моеъ, маҳсулоти ордӣ, рӯғани растанӣ, сулфур, собун ва масолеҳи гаҷ дохил мешаванд.
Тоҷикистон ба Қазоқистон пахта, алюминий ва маҳсулоти он, маъдан, меваю сабзавот ва масолеҳи нассоҷӣ содир мекунад.
Тоҷикистон танҳо бо Русия дар доираи беш аз як миллиард доллар додугирифт дорад. Мубодилоти мол миёни ин кишварҳо ба 1,3 миллиард доллар расидааст.
Қаблан хабар дода шуд, ки Тоҷикистон дар соли гузашта равобити тиҷории худро бо кишварҳои ИДМ ба таври қобили мулоҳиза густариш додааст.
Ҳамагӣ дар 11 моҳ ҳаҷми муомилот бо кишварҳои узви ИДМ 2,7 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 28% бештар аст. Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон додугирифти мол бо Туркманистонро ба маротиб афзоиш додааст.
Ҳамин тавр нишондиҳандаи муомилоти молии миёни ин кишварҳо бештар аз 2,5 баробар афзудааст.