Бонки миллӣ дар бораи захоири арзу тилояш маълумот дод

Роҳбарияти Бонки миллӣ ҳаҷми захоири арзу тилояшро эълон кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Ҳаҷми захираи байналмилалии тило ва асъори Бонки миллии Тоҷикистон дар охири соли 2021 муодили 7 моҳи ҳаҷми воридоти соли гузашта мебошад.
Дар ин бора ахиран раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ба хабарнигорон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ёдовар мешавем, ки тибқи меъёрҳои байналмилалии амнияти озуқаворӣ, ҳаҷми захираи тилою асъор бояд ба ҳаҷми 3-моҳаи воридот баробар бошад.
Тибқи омор, ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар соли гузашта беш аз 6,3 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020 беш аз 1 миллиарду 801,3 миллион доллар ё 39,5 фоизро ташкил медиҳад.
Раиси Бонки миллӣ қурби сомониро нисбат ба доллар муътадил арзёбӣ кард
Ҳаҷми содироти маҳсулот 2 миллиарду 149,6 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020 52,8 фоиз ё 742,7 миллион доллар зиёд мебошад.
Воридоти маҳсулот 4 миллиарду 209,5 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои январ-декабри соли 2020 33,6 фоиз ё 1 миллиарду 58,6 миллион доллар зиёд мебошад. Бар асоси ин тавозуни тиҷорат манфӣ буда, воридот аз содирот 2 миллиарду 59,9 миллион доллар зиёд будааст.
Ҳамин тариқ агар аз рӯи моҳҳо гирем, ҳаҷми воридоти моҳона каме бештар аз 350,7 миллион долларро ташкил медиҳад, агар маблағи 350,7 миллион долларро аз рӯи натиҷаи воридот зарб занем, 2 миллиарду 454,9 миллион доллар ҳосил мешавад.