ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ эълон кардааст, то ҳол танзимгар омода нест, ки амалиёти бонкиро бо асъори рақамӣ ё криптоасъор танзим кунад.
Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ гуфт, ки на танҳо Тоҷикистон, балки бонкҳои марказии ҷаҳон низ ба танзим намудани амалиётҳои криптоасъорӣ омода нестанд.
“Танҳо баъзе аз кишварҳо ба майнинги криптоасъор ё асъори рақамӣ, махсусан “биткоин” машғуланд,” - гуфт раиси Бонки Миллӣ.
Вай афзуд, ки асоси бунёдии болоравӣ ва пойинравии нархи криптоасъор дида намешавад ва маълум нест, ки дар кадом биржаҳо қурби он боло ё поин меравад.
“То ҳол ягон трансзаксия ё амалиёт дар низоми бонкии кишвар дар бораи харид ва ё фурӯхтани крептоасъор сабт нашудааст,” - афзуд Холиқзода.
Ёдовар мешавем, соли гузашта мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷкистон дар вилояти Суғд аз боздошти чанд нафар барои “тавлид” ва ё мусоидат дар додугирифт бо пули рақамӣ, ба мисли биткоин хабар дода буданд.