Барф, борону меҳ ва то 38 дараҷа сардӣ: пешгӯии дақиқи ҳавошиносони тоҷик

Ҳавои Тоҷикистон номусоид шуда, дар водиҳо борон ва дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ барф меборад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши сусти барф ба амал меояд.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8-13 ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 17-22 дараҷа хунук шуда, дар баъзе минтақаҳо то 25-30 хунук, (дар мавзеи Булункӯл аз 36-38 дараҷа хунук) ва рӯзона 11-16 дараҷа хунук мешавад, хабар медиҳад Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон.
Суғдиёнро бошад, ҳавои қисман абрнок ва шабонаву саҳаргоҳон дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти барф интизор аст. Рӯзона асосан бебориш шуда, тормеғ (туман) мефарояд.
Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Чанд фоизи пешгӯии ҳавошиносони тоҷик дар соли 2021 дуруст буд?
Дар вилояти Хатлон ҳавои қисман абрнок, шабона ва саҳаргоҳон дар водиҳо баъзан бориши сусти борон, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ барф борида, рӯзона тормеғ (туман) мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа гарм ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои қисман абрнок шуда, дар водиҳо бориши сусти борон, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа гарм, рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Душанберо ҳавои қисман абрнок фаро гирифта, шабона ва саҳаргоҳон бориши сусти борон ба амал омада, рӯзона тормеғ (туман) мефарояд. Ҳаво шабона 2-4 дараҷа гарм ва рӯзона 10-12 дараҷа гарм мешавад.