Бӯйи баҳор мерасад: аввалин гулҳои баҳмани Душанбе дар Боғи ғалаба - акс

Гули баҳман - як навъ гули худрӯй аст, ки моҳҳои сармо сар бароварда, аз омад-омади баҳор дарак медиҳад. Ин навъи гулро бештар дар маркази Тоҷикистон ва ҷануби он, қаторкӯҳҳои Ҳисор, Вахш, Ҳазрати Шоҳ вохӯрдан мумкин аст
Sputnik
Гули баҳман - гиёҳи дусолаи сабзранг бо гулҳои зардранг аст, ки решаи он хусусияти табобатӣ дорад. Гули баҳман, ки бо номҳои бойчечак ва гули тағорашиканак дар байни мардум маълум аст, дар моҳи баҳман мешукуфад.
Бар асоси хулосаҳои донишмандон, мардумшиносон, фолклоршиносони тоҷик ва дигар олимони ҳавзаи Наврӯз, ин гул дар қатори сиёҳгӯш, лола, гули зард, шохи дарахти ғунчадор, парандаҳои асотирии симурғ, парасту ва суманак рамзҳои иди Наврӯз мебошанд.