ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар як баёнияе эълон кардааст, ки "дар қаламрави Қирғизистон ҳолатҳои муносибати ғаразнок нисбат ба шаҳрвандони тоҷик мушоҳида мегарданд" ва ба ин хотир ин ниҳоди давлатӣ аз шаҳрвандону донишҷӯёни тоҷик хоҳиш кардааст, ки аз сафар ба ин кишвар худдорӣ намоянд.
“Новобаста ба фармоиши Девони Вазирони Қирғизистон аз 22 октябри соли 2021 дар бораи муҳайё намудани имконият барои шаҳрвандони Тоҷикистон барои таҳсил ва фаъолияти корӣ дар муассисаҳои таълимии Қирғизистон дар қаламрави он кишвар ҳолатҳои муносибати ғаразнок нисбат ба шаҳрвандони тоҷик мушоҳида мегарданд”, - иттилоъ додааст Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, муассисаҳои таълими олии Қирғизистон таҷрибаи ба таври сунъӣ кашол додани раванди бозпасдиҳии ҳуҷҷатҳои донишҷӯёни тоҷикро идома дода, барои судури ҳуҷҷатҳои лозима дар ҷиҳати гузариш ба макотиби олии Тоҷикистон монеа эҷод мекунанд.
“Дар аксар мавридҳо ба донишҷӯён шарт гузошта мешавад, ки маблағи ҳаққи таълимро барои соли пурраи таҳсил пардохт намоянд, ҳарчанд дар қарордодҳои онҳо бо муассисаҳои таълимии Қирғизистон талаботи мазкур пешбинӣ нашудааст”, - қайд кардааст манбаъ.
Ҳамзамон манбаъ илова кардааст, ки далелҳои аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори Қирғизистон боздошт шудани донишҷӯёни тоҷик дар гузаргоҳҳои сарҳадии ин кишвар ба қайд гирифта шудаанд.
“Бо дарназардошти ҳолати болозикр Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар, ки дар муассисаҳои таълимии Қирғизистон таҳсил ва кор мекунанд, бо исрор хоҳиш менамояд, ки аз сафар ба кишвари мазкур худдорӣ кунанд”, - қайд кардааст ВУХ-и Тоҷикистон.
Ҳамзамон Вазорати умури хориҷӣ ёдрас намудааст, ки тибқи фармоиши Девони Вазирони Қирғизистон, №12 аз 21 майи соли 2021, вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Қирғизистон ва ё сафари онҳо ба дигар кишварҳо тавассути қаламрави Қирғизистон то кунун манъ мебошад.