ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Ашраф Гулов, сафири Тоҷикистон дар Туркия ахиран бо Ҳасан Басрӣ, роҳбари Идораи рушд ва дастгирии соҳибкорони хурду миёнаи Туркия (KOSGEB) мулоқот кард ва дар ин дидор масъалаи таъсиси бунёди муштараки сармоягузориро баррасӣ намуданд.
Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, зимни вохурӣ ҷонибҳо вобаста ба вазъи кунунӣ ва иқдомҳои оянда ҷиҳати пайгирии мувофиқаҳои ҷаласаи 11-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ ибрози назар намуданд.
Дар баёнияи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки тарафҳо, алалхусус масъалаи ташкили бунёди муштараки сармоягузорӣ байни Тоҷикистону Туркия барои маблағгузории лоиҳаҳои ширкатҳои хурду миёнаи ду кишвар дар Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд.
Зимнан зикр гардид, ки солҳои 2022-2026 дар Тоҷикистон Соли рушди саноат эълон шудааст.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар заминаи Ёддошти тафҳоуми ҳамкории байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва KOSGEB, ки дар ҳошияи ҷаласаи 11-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ имзо шудааст, нақшаи амал таҳия менамоянд ва кор дар самти бунёди фонди муштараки сармоягузориро тақвият мебахшанд.
Тибқи омори расмӣ, табодули коло миёни Тоҷикистон ва Туркия дар соли гузашта 390,5 миллион долларро ташкил додааст.
Ду кишвар 29 январи соли 1992 муносибатҳои дипломатӣ барқарор карданд. Тайи 30 сол миёни Тоҷикистону Туркия дар бахшҳои мухталиф беш аз 70 созишномаи дуҷониба ба имзо расидааст.