Шералӣ Кабир: Тоҷикистон аз лиҳози рушди саноатӣ миёни кишварҳои ИДМ дар ҷои аввал аст

Вазири саноати Тоҷикистон гуфт, ки ҷумҳурӣ аз лиҳози рушди саноатӣ миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҷои аввал қарор дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ эълон кард, ки ҷумҳурӣ дар соли гузашта дар соҳаи саноат ба мувафақиятҳои назаррасе расидааст.
Ба гуфтаи вай, ҳачми маҳсулоти саноатӣ ба 38,8 миллиард сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23 дарсад зиёд будааст.
Шералӣ Кабир дар такя ба маълумоти Кумитаи омори ИДМ гуфт, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон дар як сол 22,9 дарсад афзоиш ёфтааст, ки ин нишондиҳандаи баландтарин миёни кишварҳои ИДМ мебошад.
Барои мислол, ин нишондод дар Русия 5 дарсад, дар Узбакистон 9,5 дарсад, дар Қирғизистон 0,2 дарсад, дар Қазоқистон 2,9 дарсад буд.
Дар работи ба ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ саҳми бештарро саноати кӯҳӣ – 32 дарсад, истеҳсоли нерӯи барқ ​​– 20 дарсад ва саноати хӯрокворӣ – 19 дарсад доштааст.
Вай афзуд, дар соли 2021 Тоҷикистон 271 ҳазор тонна маъдани тозашуда, 1,2 миллион тонна семент, беш аз 100 ҳазор тонна пахта содир кардааст.
Шералӣ Кабир иттилоъ дод, ки саноати истихроҷи маъдани Тоҷикистон фароварии худро нисбат ба соли гузашта 61 дарсад афзоиш додааст.
“Корхонаҳои ин соҳа ба маблағи 12,4 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба соли гузашта 4,7 миллиард сомонӣ зиёд аст”, - гуфт вазир.
Саҳми Корхонаи муштараки “Зарафшон” дар ҳаҷми умумии истеҳсолот 64 фоизро ташкил дод.
Дигар корхонаҳои калонтарини соҳа “Покрӯд” (13%) ва ҶДММ ТВЕА “Душанбе саноати кӯҳӣ” (10%) буданд.
Шералӣ Кабир ҳамчунин гуфт, корхонаҳои саноати сабук ва кирмакпарварӣ истеҳсоли маҳсулоти худро ба 4,1 миллиард сомонӣ расонданд, ки нисбат ба соли гузашта 32 дарсад зиёд мебошад.