Шарҳи ҳаводиси Хоруғ: вазир гуфт, Ҳабиб Маҳмадов аз мақомоташ барканор нашудааст

Вазири умури дохилии Тоҷикистон ҳаводиси ахири Хоруғро, ки се кушта бар ҷой гузоштанд, шарҳ дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, Ҳабиб Маҳмадов, кормани милиса аз мақомот барканор нашудааст.
Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе ҳаводиси ахири Хоруғро мудҳиш хонда, тақдири корманди милиса Ҳабиб Маҳмадовро шарҳ дод.
Ба гуфтаи вазир, Маҳмадовро аз худи Роштқалъа гирифта, ба вазифаи пасттар гузарондаанд.
Ӯ афзуд, феълан аз тарафи Додистонии кулли Тоҷикистон гурӯҳи тафтишотӣ ташкил шуда, таҳқиқот идома дорад. Раҳимзода таъкид намуд, ки ба онҳо маълумоти дақиқ надодаанд, ки кормандашон - Ҳабиб Маҳмадов то чӣ дараҷа дар ин ҷиноят даст дорад ва афзуд, инро худи ҳамон гурӯҳи тафтишотии прокуратура муайян мекунад.
Ба иттилои вазир, парвандаи қисми зиёде аз гунаҳкорон ба суд ирсол шуду ҳукми бисёрашон содир гардид.
Раҳмон тасдиқ кард, ки Амриддин Аловатшоев дар Душанбест
Ин дар ҳолест, бархе дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва Ёдгор Файзов, раиси собиқи ВМКБ низ дар як суҳбаташ, ки аз тариқи телевизион пахш шуд, Маҳмадовро аз муттаҳамони қазия медонанд. Ба нақли Файзов, Ҳабиб Маҳмадов барои таҳияи шиносномаи тақаллубӣ аз ҷавондухтари сокини ноҳияи Роштқалъа буз ва маблағи муайяне гирифта, корро анҷом надодааст ва баъдан духтари корафтодаро бо ёвари додистони ноҳия Абдусалом Абирзода шинос намудааст.
Суҳбатҳои Абирзода ва ҷавондухтар боиси норозигии ҷавонони Роштқалъа гардида, ки ёвари прокурорро маҷбур ба узрхоҳӣ кардаанд. Мақомот мегӯянд, ҷавонон, ки Гулбиддин Зиёбеков аз ҷумлаи онҳо будааст, Абирзодаро чанд соат гаравгон гирифтаанду латукӯб намудаанд. Ин қазия моҳи феврали соли 2020 рух дода будааст.
Ба иттилои мақомот, рӯзи 25 ноябри соли 2021 барои боздошти ӯ як гурӯҳ аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ рафт, аммо ӯ муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, бо оташи ҷавобӣ маҷруҳ шуд. Наздикони Зиёбеков мегӯянд, дар баданаш беш аз 7 изи тир буд.
Дар пайи кушта шудани Зиёбеков, баъди зуҳри 25 ноябр дар Хоруғ гирдиҳамоӣ бо талаби таҳқиқи марги ӯ ва муҷозоти гунаҳкорон оғоз гардид. Сокинони маҳаллӣ хабар доданд, ки дар рафти ҳамоишҳо боз ду сокини дигари мулкӣ кушта шуд.
Вазири умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, феълан таҳқиқи қазия идома дорад ва баҳои ҳуқуқии иштирокдорони ин ҳаводисро гурӯҳи тафтишотии додситонӣ медиҳад.