ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, Амриддин Аловатшоев дар ташкили издиҳоми ғайриқонунӣ айбдор мешавад.
"Аз Русия баргашт, мо ӯро дастгирӣ кардем, чунки нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда буд. Барои ташкили издиҳом дар шаҳри Хоруғ", - изҳор дошт Раҳимзода.
Дар идома вазир ба генерал Шодӣ Ҳафиззода, сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил дастур дод, ки иттиҳомоти дигар алайҳи Аловатшоевро пешниҳоди расонаҳо кунад.
Генерал Ҳафиззода гуфт, Аловатшоев барои гирифтани гаравгон, аз озодӣ маҳрум кардан ва дигар ҷиноятҳои хусусияти муташаккилдошта ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст. Аммо тафсилот, ки Аловатшоев киро гаравгон гирифтаасту чӣ гуна ҷиноятҳоро содир намудааст, пешниҳод нашуд.
Ин дар ҳолест, ки Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон низ таъйид намуд, ки Амриддин Аловатшоев дар боздошт дар шаҳри Душанбе қарор дорад.
Дар ҳоле ки наздиконаш аз истирдоди Аловатшоев ба Душанбе дар нимаи моҳи январи соли равон хабар дода буданд, мақомоти Тоҷикистон расман ин қазияро шарҳ намедоданд.
Додситонӣ мегӯяд, Аловатшоев ҳанӯз аз соли 2018 мавриди пайгарди қонунӣ қарор дошт. Аммо тафсилоти иттиҳомот алайҳи ӯро ироа накарданд.
Аловатшоеви 44-сола, зодаи Роштқалъа буда, аз роҳбарони зодагони ин ноҳия дар Русия муаррифӣ мешуд. Ӯ асосан дар Русия зиндагӣ ва ба гуфтаи наздиконаш, дар яке аз ширкатҳои муҳофизатӣ фаъолият мекард.
Амриддин Аловатшоевро аз ҷумлаи нафароне мегӯянд, ки дар пайи нооромиҳои моҳи ноябри соли 2021 дар Хоруғ ба назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҳозир шуд ва бо сафир дар Русия барои ҳалли қазия мулоқот анҷом доданд.
Назари худи Аловатшоев ва ё вакили дифоаш дар бораи иттиҳомоти эълонкардаи мақомот дастрас нест.