ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, танҳо дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8-13 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Дар шарқи вилоят шабона 23-28 дараҷа сард шуда, дар баъзе минтақаҳо то 30-35, (дар мавзеи Булункӯл аз 35-37 дараҷа хунук то 40-42 дараҷа хунук) ва рӯзона 7-12 дараҷа хунук мешавад, хабар медиҳад Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, танҳо дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барфи суст меборад ва меғ мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, дар водиҳо баъзан борони суст борида, дар доманакӯҳҳо бориши сусти борон ва барф ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад. Доманакӯҳҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешаванд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда буда, шабона бебориш, рӯзона дар водиҳо бориши сусти борон, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ баъзан бориши сусти барф ба амал омада, тормеғ мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад. Ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8 дараҷа, баъзе ноҳияҳо то 11-16 дараҷа хунук, рӯзона аз 4 дараҷа сард то 1 дараҷа гарм мешаванд.
Дар шаҳри Душанбе шабона ҳавои бебориш дар назар буда, рӯзона борони суст меборад ва меғ мефарояд. Ҳаво шабона 1-3 ва рӯзона 9-11 дараҷа гарм мешавад.