Баъди паём аз Тоҷикистон Русия 13 узви ячейкаҳои хуфтаи террористиро боздошт кард

Вазири умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, мақомоти Русияро аз ячейкаҳои хуфтаи террористӣ дар қаламрави ин кишвар огоҳ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон аз ҳамкорӣ бо кишварҳои узви ИДМ дар мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ тавсиф кард.
Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, соли гузашта ба Вазорати умури дохилии Русия се паёми машаххас дар бораи ячейкаҳои хуфта дар қаламравашонро ироа намуданд.
Ба гуфтаи вазири тоҷик, аз нишондодҳое, ки боздоштшудаҳо дар дохилу хориҷ медиҳанд, ба мақомоти давлатҳои гуногун дар бораи ячейкаҳои хуфтаи террористӣ маълумот пешниҳод мекунанд.
Ӯ афзуд, мақомоти Русия баъди гирифтани маълумот аз Тоҷикистон амалиёт гузаронда, ҳудуди 13 узви созмонҳои террористӣ-экстремистиро боздошт намуданд, ки на танҳо тоҷикистониён, балки шаҳрвандони ҷумҳуриҳои дигар низ дар миёнашон ҳастанд.
Раҳимзода: Тоҷикистон Қазоқистонро дар бораи террористон огаҳ карда буд
Дар мавриди афроде, ки таълимоти террористиро дар Сурия ва Ироқ гирифта, ба кишварҳои ИДМ баргаштаанд, вазири умури дохилии Тоҷикистон гуфт, пайваста табодули иттилоъ бо мақомоти дигар кишварҳо сурат мегирад ва амалиёти боздошти муттаҳамон гузаронда мешавад.
Вазир инчунин аз табодули иттилоъ дар мавриди мубориза бо қочоқи маводи мухаддир бо мақомоти Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо тавсиф намуд. Ӯ мисол овард, ки чанд рӯз қабл дар пайи пешниҳоди маълумот аз Тоҷикистон дар шаҳри Бухоро қочоқчиёни маводи мухаддир боздошт гардида, аз онҳо 80 кило маводи мухаддир мусодира гардид.
Раҳимзода таъкид намуд, ки минбаъд низ ҳамкориҳо бо кишварҳои дигарро дар мубориза бо ҷинояткорӣ таҳким мебахшанд.