Муҳриддин: Ба "далелҳои амниятӣ" марз бо Афғонистон пурра боз намешавад

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ба "далелҳои амниятӣ" наметавонанд марз бо Афғонистонро пурра боз кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ дар робита ба мавқеи Тоҷикистон дар баробари толибон гуфт, мавқеи кишвар дар бораи ин гурӯҳ тағйир наёфтааст.
Аммо дар ҳамин ҳол вай гуфт, Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқ ва кумакҳои башардӯстона ба Афғонистонро идома медиҳад.
Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир беш аз 15 ҳазор паноҳандаи афғонистонӣ дар Тоҷикистон ба сар мебарад.
ВУХ теъдоди дақиқи паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар Тоҷикистонро гуфт
“Ба далелҳои амниятӣ Тоҷикистон наметавонад марзҳояшро бо Афғонистон пурра боз кунад”, - гуфт вазир.
Сироҷиддин Муҳриддин инчунин илова кард, ки Тоҷикистон барои ҳифзи марз бо Афғонистон нерӯҳои иловагӣ фиристодааст.
Пас аз ба қудрат расидани гурӯҳи "Толибон" Тоҷикистон назорат бар сарҳадро пурзӯр кард ва чанд дафъа дар минтақаҳои марзӣ бо Афғонистон тамринҳои низомӣ анҷом дод.