Се бор муҳлат додем: вазир аз шаҳрвандон хост, симкортҳоро зудтар ба қайд гиранд

Вазири умури дохилии Тоҷикистон дар мавриди эҳтимоли тамдиди муҳлати азнавбақайдгирии симкортҳо дар кишвар изҳори назар кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон аз шаҳрвандон хост, ҳарчи зудтар симкортҳояшонро бо шиносномаҳои ҷадид ба қайд гиранд.
Аз Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ суол шуд, дар ҳоле ки то анҷоми муҳлати додашуда ду ҳафтаи дигар боқӣ мондаасту ҳанӯз миллионҳо симкорт сабти дубора нашудааст, муҳлат тамдид мешавад? Вазир дар посух гуфт, барои сабти симкортҳо се бор муҳлат доданд.

"Охирон бор арзу шикояти мардумро ба назар гирифта, соли 2020 муҳлати сабти симкортҳо то 15-уми феврали соли 2022 тамдид шуд. Муҳлати кӯтоҳ мондаст, бояд шаҳрвандон шиносномаи нав гиранду симкортро сабт намоянд", - афзуд Раҳимзода.

Ӯ рӯшан нагуфт, ки муҳлат тамдид мешавад ё хидматрасонии симкортҳои сабтнашуда қатъ мегардад.
Маврид ба зикр аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон то 15 феврали соли равон муҳлат доранд, симкортҳои худро бо шиносномаи намунаи соли 2014 ба қайд гиранд.
Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ахиран гуфт, зиёда аз 8 миллион симкорт дар дасти истифодабарандагон аст, ки ҳудуди 5,5 миллион ададаш фаъол мебошанд. Ӯ таъкид намуд, ҳанӯз дар кишвар 2,4 миллион симкорт бо шиносномаи намунаи соли 1996 дар қайд аст, ки аз ин 1,8 миллионаш фаъол мебошад.
Сабти IMEI-кодҳо: автоматӣ муайян мешавад, кӣ аз кадом телефону таҷҳизот пайваст шудааст
Ноиби раиси Хадамоти алоқа дар мавриди он ки дар ҳоле то анҷоми муҳлати қонунӣ ҳудуди ду ҳафтаи дигар боқӣ мондаасту шаҳрвандон барои сабти ин теъдод симкорт чӣ гуна фурсат пайдо мекунанд, таъкид намуд, пеш аз пода набояд чанг бардошт, бигузор, ширкатҳо корашонро анҷом диҳанд.
Дар нишаст таъкид шуд, ки тибқи қоида, дар номи як одам то ду симкортро ба қайд гирифтан мумкин аст.