Даъвати Мишустин барои ҷалби бештари донишҷӯёни хориҷӣ ба Русия

Бо ин мақсад роҳбари ҳукумат пешниҳод кард, ки барои ҷалби хориҷиён барномаи вижае роҳандозӣ шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Дар Русия барои ворид шудани мутахассисони баландихтисос аз хориҷи кишвар шароит фароҳам овардан лозим аст.
Дар ин бора Михаил Мишустин, нахуствазири Федератсияи Русия дар нишасти марбут ба рушди иқтисодиву иҷтимоии Федератсияи Русия изҳори назар кард.
Сарвазир ҳамчунин хостори ҷалби бештари донишҷӯёни хориҷӣ ба кишвараш шуд.
Барои ин ӯ пешниҳод кард, ки шароити хубе фароҳам шавад, ки ба ҷалби хориҷиён ба таҳсил дар Русия мусоидат кунад.
"Вазифаи дигари муҳим ҷалби кадрҳои соҳибихтисос ва ҷавонони боистеъдод аз хориҷи кишвар ба Русия мебошад, ки баъди таҳсил дар кишвари мо, дар ин ҷо монда, кор хоҳанд кард", - гуфт ӯ.
Вай қайд кард, ки ин барои рушди иқтисодӣ ва пешбурди манфиатҳо дар фазои пасошӯравӣ ниҳоят муҳим аст.
Бо ин мақсадҳо дар Русия барномае таҳия шудааст, ки ҷорӣ намудани кумаки молӣ барои донишҷӯёни боистеъдоди хориҷиро дар назар дорад.
Русия квотаҳои таҳсил барои донишҷӯёни тоҷикро афзоиш дод
Қаблан хабар дода шуд, ки Вазорати корҳои дохилии Русия дар қоидаҳои сабти номи муҳоҷирати донишҷӯёни хориҷӣ тағйирот ворид кардааст.
Ҳамин тариқ барои хориҷиёне, ки дар муассисаҳои таълимии Русия таҳсил мекунанд, ҷорӣ кардани низоми махсуси ҳуқуқӣ - иҷозатномаи иқомати муваққатӣ бо мақсади гирифтани таҳсил (РВПО) пешбинӣ шудааст.
Чунин реҷа имкон медиҳад, донишҷӯён ҳангоми таҳсил аз Русия муваққатан хориҷ нашаванд. Пас аз хатми таҳсил шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд ба дастрасӣ ба тартиби содашудаи дарёфти шаҳрвандии Русия умед банданд.