Ҳушдори ВУХ ба соҳибкорон: Барои ҳамлу нақли бор аз қаламрави Қирғизистон истифода накунед

ВУХ ба соҳибкорон ҳушдор додааст, дар ҳамлу нақли бор аз қаламрави Қирғизистон истифода накунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар баёнияе аз шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони Тоҷикистон хоҳиш кардааст, ки барои ба ҳамлу нақли мусофирону бор аз қаламрави Қирғизистон истифода накунанд ва масирҳои дигарро тавассути кишварҳои сеюм ба кор баранд.
“Дар робита ба қарори Девони Вазирони Қирғизистон №12-р, аз 21 майи соли 2021, ки бидуни огоҳии пешакӣ қабул шуд, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар хоҳишманд аст, ки аз ҳама гуна сафар ба Қирғизистон ва ё убури транзитӣ ба кишварҳои дигар аз тариқи қаламрави Қирғизистон худдорӣ намоянд”, - таъкид кардааст ВУХ Тоҷикистон.
Ҳамзамон ВУХ-и Тоҷикистон аз шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии Тоҷикистон, ки ба ҳамлу нақли мусофирон ва бор тавассути ҳамаи навъҳои нақлиёт машғуланд, хоҳиш кардааст, аз қаламрави Қирғизистон истифода накунанд ва масирҳои дигарро тавассути кишварҳои сеюм ба кор баранд.
ВУХ Тоҷикистон: Аз сафар ба Қирғизистон худдорӣ намоед
ВУХ гуфтааст, ки дар сурати поймол шудани ҳуқуқ ё зоҳир гардидани муносибати ғаразнок нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Қирғизистон шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд ба сафорати кишвар дар Бишкек муроҷиат кунанд.
Ёдрас менамоем, ки ВУХ-и Тоҷикистон дар як баёнияи дигаре аз шаҳрвандон ва донишҷӯёни тоҷик хоҳиш карда буд, аз сафар ба ин кишвар худдорӣ намоянд.